Падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов натавонист раводиди Амрикоро ба даст орад

© Sputnik / Антон ДенисовРоссийский боец смешанных боевых искусств Хабиб Нурмагомедов, архивное фото
Российский боец смешанных боевых искусств Хабиб Нурмагомедов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Падари варзишкор мехост дар муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Маркгрегор дар Лас-Вегас ширкат кунад

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Абдулманон Нурмуҳаммедов, падар ва мураббии варзишкори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов хабар дод, ки натавонист барои сафар ба Амрико дар Истамбул раводиди ИМА-ро ба даст орад.

"Ман натавонистам раводиди Амрикоро ба даст орам. Фардо аз Истамбул ба хона баргашта, штаб ташкил мекунам. Рӯзноманигорон низ барои мусоҳиба меоянд", - гуфтааст вай ба РИА Новости.

Падари варзишкор мехостааст, дар муҳорибаи писараш бо варзишкори ирландӣ Конор Маркгрегор, ки 6 сентябр дар Лас-Вегас баргузор мешавад, ширкат кунад.

Ёдрас мешавем, Конор дар нишасти матбуотӣ Нурмуҳаммедов ва падарашро таҳқир карда, онҳо тарсончак номида буд. Нурмуҳаммедов гуфта буд, адаби Маркгрегорро дар рӯзи муҳориба медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0