Рейди милисаҳо зидди риш ва ҳиҷоб дар Душанбе (НАВОР)

Обуна шудан
Милисаҳои пойтахт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат рейди зидди риш ва ҳиҷоб баргузор кардаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он кормандони полис дар Душанбе, маҳаллаи 9-ум километр зидди занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор рейд баргузор мекунанд.

Наворро як сокини шаҳр сабт намуда, худи вай онро тавзеҳ медиҳад.

"Дар он тарафи роҳ зидди риш ва сатр рейд баргузор мешавад. Маро низ барои ришам боздошт карданд. Ришдорашонро ба сартароршхона бурда, бо занони ҳиҷобпӯш маслиҳат медиҳанд, ки рӯймолашонро "тоҷикӣ" банданд", - мегӯяд вай.

Дар навор дида мешавад, ки ду корманди милиса ҷавононро ба дигар ҷониби роҳ мебаранд.

Ёдрас мешавем, ба бештари муассисаву идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ворид шудан бо ҳиҷоб мамнӯъ аст. Кумитаи занони Тоҷикистон мунтазам байни занони кишвар "корҳои фаҳмондадиҳӣ" баргузор карда, ба онҳо маслиҳат медиҳад, ки рӯймоли худро "тоҷикона" банданд.

Лентаи хабарҳо
0