Футболбозони навраси Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОфициальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18.
Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии наврасони то синни 16-и Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 тими Таиландро мағлуб карданд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи ҶТ, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” охирин бозии худро баргузор кард ва Таиландро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.

Дар дақиқаи 39 Озод Панҷаев нахустин голи Тоҷикистонро ба дарвозаи рақибон равона кард. Дар дақиқаи 81 футболбозони Таиланд як гол заданд ва натиҷаро мусовӣ карданд. Вале дар дақиқаи 87 Амадонӣ Камолов голи дувуми Тоҷикистонро ба самар расонд ва пирӯзии футбобозони тоҷикро таъмин кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ Ҷопон Малайзияро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Бо ин ҳол, Ҷопон ва Тоҷикистон паллаҳои якум ва дувумро касб карданд ва ба даври чорякниҳоӣ суъӯд карданд.

Лентаи хабарҳо
0