Ҳамаро бемор кардед: дар шаҳри Турсунзода 17 кошонаи ҳусн ва сартарошхонаро бастанд

Обуна шудан
Ба гуфтаи мудири Маркази стоматологияи шаҳри Турсунзода Рустам Амиров гуфтаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дандонпизишкон боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ шудаанд, ҳақиқат дорад

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik.  Дар шаҳри Турсунзода фаъолияти 17 сартарошхонаю кошонаи ҳусн муваққатан боздошта шуд, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ,  мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпдемиологии шаҳр нисбати 49 нафар кормандони  сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дандонпизишкҳои  шаҳр санадҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб доданд.

Онҳоро барои риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ  ҷарима намуданд.

"Тибқи иттилои директори  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода  Бахтиёр Нозилов, то имрӯз фаъолияти 7 нуқтаи дандонпизишкӣ  ва 17 сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваққатан боздошта шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Директори Маркази стоматологияи шаҳри Турсунзода Рустам Амиров гуфааст, "то имрӯз  зиёда аз 28 ҳазор нафар  беморон  ба мутахассисони маркази дандонпизишкӣ муроҷиат намудаанд ва ба онҳо 20 нафар табибони унвони дараҷаи олӣ дар сатҳи хуб хизмат мерасонанд".

"Албатта, он эродҳое, кираисҷумҳур нисбат ба бемасъулиятии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  баён доштанд, ҳақиқат дорад", - изҳор доштааст вай.

Лентаи хабарҳо
0