БРО ба Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо кард

Обуна шудан
Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон барои бартараф кардани таъсири офатҳои табиӣ ба аҳолӣ грант медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё (БРО)тасмим гирифтааст, барои омодагӣ ва ҷилавгирии аз офатҳои табиӣ,  ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллион доллар кӯмак расонад, гуфтааст корманди намояндагии БРО дар Душанбе Татяна Евстифеева.

Як қисми аҳолии Тоҷикистон дар ҷойҳои хатарноке ба сар мебаранд, ки дар онҷо сар задани заминларза, обхезӣ, тарма, сел зиёд ба назар мерасад. Аҳолии ин минтақа дар ҳолатҳои фақуллода аз низомҳои ҳимоя бархурдор нестанд.

На въезде в Курган-Тюбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки аврупоӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон сармоягузорӣ мекунад

“Дар чорчуби ин лоиҳа омӯзиш ва таҳлили обанбори кӯли Сарез, ва моделсозии обхезии он сурат мегиард. Инчунин беҳтар намудани низоми мониторинг ва хабардиҳии пешакӣ, ва ба рӯйхатгирии пиряхҳо дар назар аст”, - хабар дод Евстифеева.

Ба гуфтаи Евстифеева лоиҳа то соли 2024 анҷом меёбад ва дар доираи он низоми иттилоотӣ барои идоракунии офатҳои табиӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ сохта мешавад. Инчунин дар назар аст, нақшаи институтсионалӣ таҳия гашта, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки иҷрокунандаи ин нақша хоҳад буд пешниҳод мешавад.

Инчунин омӯзиши идораи хавфи офатҳои табиӣ, барои мансабдорон ва ҷамъиятҳо дар шаҳру новоҳие, ки хавфҳои офати таӣиӣ зиёд аст гузаронида мешавад.  

Дар соли 2018 БРО 20-солагии  ҳамкориашро бо Тоҷикистон ҷашн мегирад.

Дар ин муддат Бонки ба Тоҷикистон беш аз 1,6 милиард доллар  кумакпулиҳо дар шакли, грант,қарзҳои имтиёзнок ва кумакҳои техникӣ пешниҳод намудааст. 

Лентаи хабарҳо
0