Ҳалокати 11 нафар – 4 кӯдак ва ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Обуна шудан
Тайи ду рӯзи охир дар пайи садама дар роҳҳои Тоҷикистон дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 4 нафарашон кӯдак мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шоми 30 сентябр, тахминан соати 19:30 дар қаламрави деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш мошини тамғаи “ЗИЛ”, ки дар он 12 нафар савор буданд, аз баландии 100-120 метрӣ ба ҷарӣ фурӯ рафт.

Автомобиль на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозор: тоҷикон мошини калону қимат ва узбакҳо хурду каммасраф мехаранд

“Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 5 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки инчунин мошини “Ҷип”,  таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон ва ҳомили ду мусофир аз Хорватия дар километри 190-уми  шоҳроҳи  Душанбе – Чаноқ ба мошини “Тойота Королла”, таҳти идораи шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон бархӯрдааст.

“Бар асари ин бархӯрд ронандаи мошини “Тойота Королла” ҳалок гардид ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд интиқол дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Дар баробари ин Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз садамаҳои маргбор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҳисор ва шаҳраки Бохтариён хабар дод, ки 29-уми сентябр рух дода, 3 кушта барҷой гузоштаанд.

Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатли модар аз дасти писари маст дар Душанбе

Дар пайи садамаҳои ду рӯзи охир, ки расонаӣ шуданд, 11 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Қурбониёни садамаҳо метавонанд аз ин ҳам бештар бошанд, чун на ҳамаи садамаҳо расонаӣ гардидаанд.

Садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Лахш дар ҳоле рух додааст, ки аъзои як хонавода савори мошини боркаши “ЗИЛ” аз картошкачинӣ бармегаштаанд ва қурбониён аз як оилаанд.

Дар пайи ин ҳодиса КҲФ ронандагон ва пиёдагардонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, таъкид намудааст, ки  одамон ҳатман бояд ба воситаи нақлиёте, ки барои интиқоли инсонҳо пешбинӣ шудаанду  махсус таҷҳизонидашуда мебошанд, интиқол дода шаванд.

Лентаи хабарҳо
0