Суҳбати Раҳимов, паёми президент ва иқрори мураббии тими Корея: хато кардем (ВИДЕО)

© дафтари матбуоти ФФТЗайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, дар пайи пирӯзӣ бар дастаи Кореяи шимолӣ гуфт, бо шогирдонаш мефахрад ва ин рӯзро даҳсолаҳо интизор буд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раҳимов дар пайи анҷоми бозӣ изҳор дошт, ки аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон паёми шодбошӣ гирифт.

Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дарвозабони тоҷик зарбаҳои Кореяи Шимолиро гардонд: Тоҷикистон пирӯз шуд (ВИДЕО)

 “Дар Тоҷикистон аз ғалабаи мо ҳама ид доранд. Даҳсолаҳо мо чунин дастовардро интизор будем. Ман аз ҳунарнамоии  бачаҳо қаноатмандам”, - иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли сармураббӣ Раҳимов. 

Пак Ҷон Чол, сармураббии дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки қабл аз бозӣ ба пирӯзии дастааш муътақид буд, изҳор дошт, ки шеваи бозии тими Тоҷикистон барояш ғайриинтизор буд.

“Мо ба ғалаба наздик будем, аммо афсӯс мехӯрам, ки он насиби мо нагардид. Интизор доштем, ки мунтахаби Тоҷикистон аз аксулҳуҷумҳо истифода мебарад, аммо чунин нашуд. Акнун мо ба чемпионатҳои ояндаи ҷаҳон тайёрӣ мебинем”, - изҳор дошт Пак Ҷон Чол.

Ӯ афзуд, ки шогирдонаш хаста шуданд ва имкониятҳои голзаниро натавонистанд истифода баранд.

Тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон 30 сентябр дар сабқати таърихӣ бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала