Даҳ масъалаи асосие, ки раиси вилояти Суғд дар Машварати корӣ гуфт

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар машварат муовинони раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳукумати вилоят, ташкилоту идораҳо ва раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Якуми окятбр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор карда, дар он чанд масъалаи асосиро бо масъулин баррасӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, дар машварат Аҳмадзода дар назди муовинони раиси вилоят ва намояндагони сохторҳои ҳукумати вилоят чанд масъалаи асосиро дар вилоят баррасӣ намудааст.

"Вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҳамзамон хизматрасонии тиббӣ, омодагии саривақтӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар машварат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад дафтари матбуоти вилоят.

Гуфта мешавад, раиси вилоят дар дар назди масъулин аз рӯи чанд масъалаи дигар, аз ҷумла чароғонкунии кӯчаҳо,  даъвати тирамоҳии ҷавонон, пурзӯр намуданипешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, бунёди майдончаҳои варзишӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, берун баровардани дорухонаҳо аз дохили беморхонаҳо, таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои муосир, зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот, аз ҷумла асал, ворид намудани сармояи мустақим супориш додааст.

Лентаи хабарҳо
0