Роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикони Чувашия ба қаллобӣ муттаҳам шуд

Обуна шудан
Абдулмаҷид Ғафуров аз як сокини шаҳри Маскав ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз донишгоҳ хориҷ шуда буд, пул талаб карда, ваъда додааст, ки мушкилиашонро ҳал мекунад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Роҳбари маркази фарҳангии тоҷикони Чувашия Абдулмаҷид Ғафуров ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, хабар медиҳад рӯзномаи “Комерсант”.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони ФСБ дар Чувашия дар рафти тафтишот муайян кардаанд, ки Абдулмаҷид Ғафуров аз як сокини Маскав ва шаҳрванди Тоҷикистон пул талаб карда будааст.

Гумонбаршаванда сокини Маскавро бовар кунонидааст, ки бо истифода аз иртиботҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чувашия метавонад парвандаи ҷиноеро, ки нисбати ӯ кушода шудааст, маҳкам кунад. Ғафуров барои ин хизматҳояш 300 ҳазор рубл талаб кардааст.

Мақомоти қудрати роҳбари маркази фарҳангии тоҷиконро охирҳои моҳи август ҳангоми аз сокини Маскав гирифтани 150 ҳазор рубл дастгир кардаанд.

Дар рафти тафтишот, ба ФСБ Чувашия як зодаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки  Ғафуров аз вай низ  барои барқарор кардан ба донишгоҳ 150 ҳазор рубл ситонида буд.

Пас аз ин нисбати Абдулмаҷид Ғафуров парвандаи ҷиноии дувум боз шудааст.

Додгоҳ қарор додааст, ки гумонбар ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0