Шарҳи Ожонси зидди фасод дар бораи ришвагирии раиси суди Айнӣ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод тавзеҳ додааст, ки раиси пешини додгоҳи Айнӣ танҳо барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани як сокини ноҳия аввал 500 доллар ва сипас 3000 сомонӣ талаб карда, гирифта буд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон имрӯз, 2 октябр расман дар бораи ришваситонии раиси пешини додгоҳи ноҳияи Айнӣ Ҷумъазода Икром хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ҳанӯз охирҳои моҳи июли соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонида, раиси додгоҳи ноҳияи Айниро барои "шаъну эътибори судяро паст задан" барканор карда буд.

Тавре Ожонси зидди фасод менависад, тафтишот муайян кардааст, ки Ҷумъазода Икром 3 июл барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани шаҳрванд "А",  500 доллар талаб карда, гирифтааст.

"Маротибаи дуюм санаи 09 июли 2018 сол маблағи 3000 сомониро Ҷумазода И.А. дар утоқи кориаш талаб карда гирифтааст. Ҷумазода баъд аз гирифтани маблағҳои мазкур аз руи ваъдаи кардааш амал намуда, санаи 12 июли 2018 дар асоси ҳукм ба судшаванда ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 5000 сомони бидуни маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ таъин намуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои ожонс, нисбати Ҷумазода И.А. бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в” КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0