Ёдгор Файзов: амалиёти низомӣ дар Бадахшон дар назар нест

© © Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси навтаъини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, амалиёти низомӣ дар вилоят дар назар нест

ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Файзов ин нуктаро имрӯз, 2-юми октябр зимни мулоқот бо аъзои гуруҳҳои корӣ, ки ба иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон машғуланд, таъкид намуд.

Тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҷаласаи мазкур иттилоъ дод, раиси навтаъин гузориши масъулинро дар бораи иҷрои супоришҳои раисиҷумҳур шунид.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Дарвоз нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард: Хоруғ ваъда дод

Ёдгор Файзов таъкид намудааст, ки дар таъмини волоияти қонун такя ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа мекунад ва аз мақомот хост дар ин масъала бо мардум ҳамкории бештар намоянд. Ӯ овозапароканӣ дар бораи амалиёти низомӣ дар ВМКБ-ро иғво хонда, аз сокинон даъват намуд, ки ба он дода нашаванд.  

“Чунин ҷаласаҳо ҳамарӯза сурат мегиранд ва дар онҳо аз кори ҳаррӯзаи гуруҳҳои корӣ ҳисобот дода мешавад. Ҷаласа аз таъмини қоидаҳои ҳаракат дар роҳ то супоридани силоҳро дар бар гирифт. Ба раис гузориш дода шуд, ки то имрӯз дар ҳамкорӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ зиёда аз 100 адад силоҳ ихтиёран ба мақомот супорида шуд”, - изҳор дошт масъули Ҳукумати Бадахшон.

Дар пайи ҷаласа бо гуруҳҳои корӣ Файзов ба мулоқот бо донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Хоруғ рафтааст. Ӯ бори дигар аз ҷавонон даъват намудааст, ки ба гапҳои бархе аз гуруҳҳо  дода нашаванд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Бунёди Оқохон ба Ҳукумат: раисиҷумҳур Ёдгор Файзовро раиси ВМКБ таъин кард

Ёдгор Файзови 57-сола 1 октябр бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷои Шодихон Ҷамшед раиси ВМКБ таъин гардид.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буда, замони шӯравӣ дар Кумитаи комсомолии шаҳри Хоруғ ва ВМКБ кор карда, дар замони Истиқлол дар Бунёди Оқохон фаъолият доштааст. Файзов сар аз соли 2004, тайи 14 соли охир раиси иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон буд.

Бисёри сокинони Бадахшон аз таъини Файзов ба мақоми раиси ВМКБ хуш истиқбол карда, махсусан ҳамкорию ҳамнишиниҳояш бо мардумро таъкид намуданд. Ба гуфтаи сокинони вилоят Файзов ҳамеша миёни мардум аст ва тақрибан ҳар шом якҷоя бо ҷамоат дар маркази исмоилия намоз мегузорад.

Сокинони ВМКБ изҳори умед намуданд, ки мансаби нав Файзовро аз мардум дур намекунад ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди ин минтақа ноил хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0