Аҳмадҷон Алиматов барои мумфаршкунии роҳи маҳаллааш беш аз 60 ҳазор сомонӣ масраф кард

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва сокинон мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Бинокорони шаҳраки Шайдон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ба мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Бинокорони шаҳраки Шайдон ҳусни оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон ва хонаводааш роҳеро дар зодгоҳашон мумфарш мекунанд

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар мумфарш кардани роҳи маҳаллаи мазкур дар баробари мардуми маҳал саҳми соҳибкор Аҳмадҷон Алиматов низ шоиста буда, бо ин мақсад номбурда беш аз 60 ҳазор сомонӣ маблағи худро харҷ намудааст.

Ба иттилои манбаъ, пудратчии сохтмон ширкати «Шоҳроҳ» буда, роҳ бо сифати ба талаботи стандарти давлатӣ мутобиқ мумфарш мегардад.

Раиси вилоят аз ин иқдоми сокинони маҳалла ва соҳибкор изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки аз ҳисоби буҷети мақомоти Суғд боқимонда қисмати роҳ, ки тақрибан як километр аст, мумфарш хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0