Тарки одат балои ҷон: Абдумаҷид баъди суд шудан боз мардумфиребӣ кард

© УМВД по городу ДушанбеЗадержанный мошенник в Душанбе
Задержанный мошенник в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард ба боварии як сокини Тоҷикобод даромада, ваъда додааст, ки бар ивази 90 ҳазор сомонӣ писарашро аз зиндон озод мекунад. Вале корманди милиса Абдумаҷидро, ки пештар бо ҷурми қаллобӣ суд шуда буд, дубора дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки як сокини шаҳри Турсунзодаро ба гумони қаллобӣ дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Абдумаҷид Турсунови 43-сола пештар бо ҷурми мардумфиребӣ суд шудаву дубора ба ин ҷиноят даст задааст.

Гуфта мешавад, мард ба боварии чанд шаҳрванд даромада, маблағҳои онҳоро аз они худ кардааст.

Чунончӣ, Абдумаҷид аз сокини ниҳояи Тоҷикобод Муҳибулло Қаландарови 53-сола 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст бар ивазаш писарашро аз зиндон озод мекунад.

Раёсати ВУД менависад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0