Кореяи дигар: сабқати “шербача”-ҳои навраси Тоҷикистон бо бақуваттарин тими Осиё

© дафтари матбуоти ФФТДастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, ки ахиран Кореяи Шимолиро шикаст доду дар Ватан "Шербачаҳо" унвон шуданд, имрӯз дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ қувваозмоӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Султони Ҳамад, рӯзноманигор ва ҳаводори собиқадори футбол, ки ин навъи варзишро пайгирӣ ва таҳлил мекунад, изҳор дошт, ки сабқати имрӯза бо боқуваттарин тими Осиё сурат мегирад.

Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дарвозабони тоҷик зарбаҳои Кореяи Шимолиро гардонд: Тоҷикистон пирӯз шуд (ВИДЕО)

Мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли ҳозир пурқувваттарин мунтахаби футболбозони то 16-солаи Осиё ба шумор меравад. Ин мунтахаб дар бозиҳои интихобӣ мунтахаби наврасони Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҳисоби 1 бар 0, мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 4 бар 0, мунтахаби Филиппинро бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб сохта ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт. Дар марҳилаи ниҳоӣ дар бозиҳои гуруҳӣ бар тими Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0, Афғонистон бо ҳисоби 7 бар 0, Австралия бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуда ба плей-офф баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб сохт ва инак дар даври ниманиҳоӣ бо мунтахаби наврасони Тоҷикистон қувва месанҷад.

Султони Ҳамад бо ироаи ин омор афзуд, ки футболбозони ин мунтахаб дар ҳафт бозӣ ҳафт ғалаба ба даст оварда, ба дарвозаи ҳарифон 26 гол зада, дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доштаанд.

Ӯ таъкид намуд, ки мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон низ дар ҳоли ҳозир яке аз беҳтарин тимҳои қораи Осиё дар байни ҳамсолони худ ба шумор меравад.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Раҳимов, паёми президент ва иқрори мураббии тими Корея: хато кардем (ВИДЕО)

 Дар бозиҳои интихобӣ наврасони мо тими Уммонро бо ҳисоби 1 бар 0, мунтахаби Малдивро бо ҳисоби 14 бар 0 ва тими Сурияро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода дар нахустин бозии гуруҳии қаҳрамонии Осиё 2018-и то 16-сола ғайричашмдошт аз соҳибони майдон тими Малайзия бо ҳисоби 2 бар 6 шикаст хӯрданд. Вале руҳафтода нашуда бо тими пурқуввати Ҷопон бозиро мусовӣ- 0 бар 0 анҷом дода, бар тими Таиланд бо ҳисоби 2 бар 1 зафар карда, ба бозиҳои плей-офф баромаданд. Дар бозии чаҳорякниҳоӣ, ки бо тими Ҷумҳурии демократӣ-халқии Корея (Кореяи Шимолӣ) сурат гирифт, дар вақти асосӣ бозиро бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом дода, дар задани тӯбҳои 11-метра (4 бар 2) ғолиб баромаданд.

Султони Ҳамад таъкид намуд, ки тими футболбозони то 16-солаи Кореяи Шимолӣ дар ҳашт соли охир ду бор (2010, 2014) қаҳрамони Осиё шудааст. “Ғалаба бар тими Кореяи Шимолӣ мунтахаби футболбозони то 16-солаи моро дар байни чор мунтахаби беҳтарини қитъаи Осиё ҷойгир кард ва ба қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2019 дар байни наврасони то 17 сола дар Перу мегузарад роҳхат дод. Ин худ алаккай як муваффақияти калон аст”, - изҳор дошт ӯ.

Ҳаводори собиқадори футбол изҳори умед кардааст, тими Тоҷикистон имрӯз низ пирӯз мешавад ба дастгирии дастаҷамъонаи мунтахаби миллӣ даъват намудааст.

“Худо хоҳад комёбиҳои аз ин бештаре мунтахаби наврасони моро дар пеш интизоранд. Биёед, дӯстони азиз, дуо мекунем, ки дар ин бозӣ ва бозиҳои дигар тими наврасони мо ҳамеша комёбу муваффақ бошанд. Тоҷикистон, ба пеш”, - хитоб намудааст Султони Ҳамад.

Лентаи хабарҳо
0