Дӯсти қарин: Шавкат Мирзиёев ба Ҷопон занг зада, зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро таҳният гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурон дар сӯҳбати телефонӣ ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан дар Ҷопон қарор дорад, занг зада, бо зодрӯзаш таҳният гуфтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат ҳамчунин сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ карда, аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардумон барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи имрӯзаи робитаҳои ҳамдастии ду кишвар дар бахшҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ карданд.

"Омодагии ҷонибҳо ва саъю талошҳои муштарак барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид. Сарвари давлати Ӯзбекистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуданд", - менависад дафтари матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, имрӯз 5 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад ва 66-сола мешавад.

Лентаи хабарҳо
0