Фоҷеа: Муҳаммадҷони 7-сола бо трактор хоҳари дусолаашро зер кард

Обуна шудан
Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш духтарак ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз фоҷиаи хонаводаи Нуриддиновҳо дар ноҳияи Восеъ хабар додааст: писараки 7-солаи хонавода ҳангоми бозӣ дар дохили тарктор хоҳараки 2-солаашро зер кардааст.

Рӯзи 3-юми октябри , тахминан соатҳои 18:30-дақиқа,  Осино Ҳамроеваи 2-сола ҳангоми бозӣ дар назди трактор зери он мондааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, додари 7-солаи Осино - Муҳаммадҷон ба дохили  трактор, ки дар нишебии 2-метр  гузошта шуда буд, даромада, педали муфтро зер кардааст.

Дар натиҷа, техника ба ҳаракат даромада,  Осиноро пахш кардааст, менависад манбаъ.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш хурдсол духтарак ба ҳалокат мерасад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0