Салом алейкум: посух ва суоли Ҳабиб ба ҳуштаккашию ҳаёҳуйи мухлисони Макгрегор (ВИДЕО)

Обуна шудан
Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз Русия шоми чоршанбе дар Лас- Вегас тамрини намоишӣ анҷом дода, чолокияшонро қабл аз сабқати деринтизор нишон доданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Мухлисони Конор Макгрегор шоми чоршанбе ҳангоми тамрини намоишии Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳнаи Лас-Вегас ҳуштаккашию ҳаёҳуй карда, хостанд монеи суханрониҳои варзишкори Русия гарданд.

Аммо Ҳабиб Нурмаҳаммадов худро ором нигоҳ дошта, баъди 15 дақиқаи тамрин,  таҳти ҳаёҳуйи мухлисони Макгрегор ба онҳо гуфт, се рӯз пас шуморо қоил мекунам ва бо суол муроҷиат намуд.

 “Салом алейкум! Баъди се рӯз шумо ба ҳунари ман қоил мешавед, мемурам, аммо Конорро мезанам.  Вай доим мегӯяд, ки ирландиҳо бо сулолаи англис ҷангидаанд, агар ин хел аст, чаро бобои Конор ва худи ин чӯҷа бо бритониҳо кор мекунанд? Чаро шумо ӯро барои ин кораш дастгирӣ мекунед?”, - пурсид Ҳабиб.

Аммо ҷамъомадагон ғавғо ва боди ҳуштакашонро давом медоданд.

Рӯзи шанбеи 6 октябр дар Лас-Вегас муҳорибаи деринтизори ин ду рақиб баргузор хоҳад гашт.

Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
"Нурмуҳаммедов аз таҳқирҳои Макгрегор аз дарун сӯхт, вале чизе нагуфт"

Чанде пеш варзишкори UFC Майрбек Тайсумов гуфта буд, ки Нумуҳаммадов дар ин рақобат нисбати Макгрегор аввалият дорад, аммо ӯро мебояд, ки ба фитнаангезиҳои рақибаш дода нашавад.

Муҳорибаи дар пешистода барои ҳар ду варзишкор аҳамияти зиёд дорад. Ҳабиб Нурмуҳаммадов азм дорад, ки бо шикасти Конор, бепоя будани иддаои ин варзишкори ирландиро, ки гӯиё “Уқоб”-и доғистонӣ танҳо ба шарофати рақибони заифаш дар сархати раддабандии UFC қарор гирифтааст, исбот намояд.

Конор Макгрегор дар навбати худ мехоҳад нишон диҳад, ки ҳамоно ба унвони “шоҳ”, варзишкори шинохтатарин ва гаронтарини UFC арзанда мебошад.

Лентаи хабарҳо
0