Ҳабиб ва Конор дар муҳориба чанд пул кор мекунанд?

© AP / Seth WenigХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шартномаи варзишкорон гуфта намешавад, ки дар ҳолати пирӯзӣ яке аз онҳо маблағи иловагӣ мегирад ё не, аммо иштирокдорони дигар муҳорибаҳои мусобиқа метавонанд ҳангоми пирӯзӣ ба маблағи иловагӣ умед кунанд.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои озоди доғистонии Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов барои муҳориба бо Конор Макгрегор 2 миллион доллар ва ҳарифаш 3 миллион доллар мегиранд, хабар медиҳад mmafighting.com.

Дар шартномаи варзишкорон гуфта намешавад, ки дар ҳолати пирӯзӣ яке аз онҳо маблағи иловагӣ мегирад ё не, аммо иштирокдорони дигар муҳорибаҳои мусобиқа метавонанд ҳангоми пирӯзӣ ба маблағи иловагӣ умед кунанд.

Муҳориба имрӯз, 6 октябр дар Лас-Вегас дар ҳошияи мусобиқаҳои UFC 229 баргузор мешавад. Нурмуҳаммедов камарбанди қаҳрамони ҷаҳонро дар вазни сабуки то 70,3 кг ҳифз хоҳад кард. 

Пештар дар маросими вазнкашии варзишкорон Конор Ҳабибро як мушт зада буд. Ҳамчунин ӯ ба мухлисонаш ваъда дод, ки ҳарифашро мағлуб мекунад. "Ӯ аз ӯҳдаи муҳофизат кардани худ намебарояд, ман сари Ҳабибро мегирам", гуфта буд вай.

Ҳабиб бошад, ба мухлисонаш гуфтааст, ки "ин дафъа низ пирӯз шуда, шуморо қоил мекунам".

Лентаи хабарҳо
0