Баррасии масъалаҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи кореягӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

© Пресс-служба МИД РТВстреча замминистра иностранных дел Таджикистана с корейской делегации
Встреча замминистра иностранных дел Таджикистана с корейской делегации  - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Корея дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 5 октябри соли равон Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Корея дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ Юн Кан Хён мулоқот намуд.

Ба гутаи манбаъ тарафҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяро дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров аз Корея бурсияҳои бештар барои таҳсили тоҷикистониҳо хост

Инчунин тарафайн тайи ин дидор бар нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ техникӣ ва илмиро дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

“Таваҷҷуҳи хос ба фаъолияти Форуми Осиёи Марказӣ+Ҷумҳурии Корея зоҳир гардида, саҳми он дар раванди рушди муносибатҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ таъкид гардид”,-гуфт манбаъ.

Ҳамчунин дар ин мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи кореягиро ба иқтисоди Тоҷикистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала