Дар Душанбе барои тамошои бозии футболбозони тоҷик пахши мустақим ташкил карда шудааст

Обуна шудан
Бозии тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон бо тими Ҷопонро тавассути монитори калон дар Майдони 800 солагии Маскав – назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мустақиман пахш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Имрӯз 7 октябр, тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон  дар даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё бо тими Ҷопон рақобат мекунанд  мешавад.

Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон  Шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ки барои мухлисони имкони тамошои ин рақобат тавассути як мониторинги бузургро муҳайё сохта аст.

"Бозии футбол соати 17.45 дақиқа ба вақти Душанбе тавассути монитори калон дар Майдони 800 солагии Маскав – назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мустақиман пахш карда мешавад”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз соати 17:45 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи "Bukit Jalil”-и шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни бозигарони то 16-сола тими Тоҷикистон бо тими Ҷопон (Япония) бозӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0