Арзи модари танҳо аз ВМКБ ба Раҳмон: ҳукумати маҳаллӣ гуфтааст, сангҳоро таркону хона соз

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон посетил Мургаб
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон посетил Мургаб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳло Хӯҷаназарова, сокини ноҳияи Роштқалъа, ки баъди даргузашти шавҳараш, танҳо 4 фарзандро калон кардааст, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳалли мушкили манзили зист кӯмак хостааст, чун бехонагӣ боиси зиндаҷудоии модар аз ҷигарбандон шудааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Хӯҷаназарова бо нашри як муроҷиатномаи кушод унвонии Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки танҳо дар як шароити тоқатфарсои оилавӣ, яъне бидуни хонаи зист 4 фарзандро калон кардааст ва феълан фарзанди хурдияш дар синфи нӯҳ мехонад.

Муроҷиатномаи модари ниёзманд аз ВМКБ-ро Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар гуруҳи иҷтимоии таъсисдодааш дар Фейсбук - "Ахбор барои афкор" ироаи омма кард.

“Чун хонаи шавҳарам ба номи холааш буд, пас аз вафоташ он ба мо нарасид ва мо бе макони зист мондем. Ҳоло оилаи мо дар чаҳор сӯй парешон аст ва ман ҳамчун модар наметавонам ҷигарбандҳоямро ҷамъ карда, зери боме зиндагӣ кунам”, - изҳор доштааст Хӯҷаназарова.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бадахшониҳоро ба зиндагӣ дар Данғара даъват кард: марҳамат 100 ҳазор гектар замин

Ӯ афзудааст, ки аз аҳволи хеш чанд маротиба ба ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ариза пешниҳод кардааст ва танҳо баъди дахолати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ӯ хонаҷой доданд.

“Аммо дар мавзеи санглохе, ки ҳар хоросангаш баробари як ҳуҷра мебошад. Ба Идораи хоҷагии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Бадахшон барои кӯмак муроҷиат кардам, аммо булдозер надоданд. Гуфтанд ин сангҳоро таркондан даркор, зӯри трактор намерасад. Мутаассифона арзиши хизмати таркондан хеле гарон буда, иҷозати махсус мехостааст”, - афзудааст ӯ.

Модари ниёзманд дар хулоса гуфтааст, ки натавонист хона созад.

“Алъон як писарам дар Роштқалъа, писари дигарам дар Бартанг ва ману ду фарзанди дигарам, ки дар Хоруғ иҷоранишин будем, ба сабаби беэҳтиромӣ аз ҷониби соҳибхона онро тарк карда, ҳоло тамоман парешон ҳастем. Наметавонем бо ҳам зери як боме чун як оила зиндагӣ кунем. Чун модар дигар ин вазъиятро тоқат карда наметавонам”, - арз кардааст Хӯҷаназарова.

Модари танҳо ва зиндаҷудо аз фарзандонаш аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намудааст, ки дар Хоруғ ё Роштқалъа, ақаллан барои соҳиби як ҳуҷраи кӯчак шуданаш ба ӯ кӯмаки хешро расонад.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари ахираш ба ВМКБ мушкили замин барои бунёди хонаро зикр карда, кору зиндагӣ дар Данғараро пешниҳод намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0