Путин аз падари Ҳабиб хоҳиш кард, ки варзишкорро сахт муҷозот накунад (НАВОР)

Обуна шудан
Пештар Нурмуҳаммедов барои ҷанҷол пас аз муҳориба расман узрхоҳӣ карда буд ва гуфта буд, ки падараш барои ин кирдораш ӯро "ҷазо хоҳад дод"

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар рафти мулоқот бо варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва падараш Абдуманон Нурмуҳаммедов хоҳиш кард, ки Ҳабибро сахт муҷоҳот накунанд.

"Мо бозиро бодиққат пайгирӣ мекардем. Ман аз падарат хоҳиш мекунам, ки туро сахт муҷозот накунад, зеро ту вазифаи асосиатро иҷро кардӣ, пирӯзиро ба даст овардӣ, ки он шоиста ва яқин буд", - изҳор дошт раисҷумҳур.

Нурмуҳаммедов ба раисҷумҳур гуфт, ки умед дорад, ҳайъати UFC ва рақибонаш на танҳо "аз панҷара ҷаҳидани вай", балки бозиашро низ ба назар мегиранд.

"Ман ҳам умед дорам, ки онҳо на танҳо ҷаҳиданамро ба назар мегиранд, балки баромадамро баҳодиҳӣ мекунанд. Зеро ман  бад баромад накардам. Нисбат ба ӯ (Конор - идора), ки ноҳурматӣ мекард. Дар  баъзе ҳолатҳо ман низ худро идора  карда натавонистам. Зеро онҳо дар рафти муҳориба низ иғво мекарданд. Умед дорам, тафтишот ба фоидаи мо ба анҷом мерасад", - гуфт  вай.

Лентаи хабарҳо
0