Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтанд музокироти аломатгузории марзҳоро фаъол кунанд

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқалий Абилғозиев масоили рушду тавсеаи ҳамкории байниҳукуматии ду кишвар ва масоили марзиро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқалий Абилғозиев, ки барои иштирок дар дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳои СҲШ омадааст, мулоқот кард.

Тарафҳо масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар СҲШ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Муғулистон ва Покистон

Доир ба таҳкими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика,истифодаи захираҳои об,  инфрасохтори роҳу нақлиёт,  кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг, таҳкими кори комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва марзи байнидавлатӣ, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байниҳамдигарии минтақаҳои  наздисарҳадӣ  низ табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти нахуствазири Қирғизистон хабар додааст, ки зимни мулоқот сарвазирони ду кишвар тасмим гирифтанд музокироти марзиро вусъат бахшанд.     

Инчунин, имрўз дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳои СҲШ Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Беларус Сергей Румас мулоқот намуд.

Ли Кэцян, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин сафари Сарвазири Чин ба Тоҷикистон

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, муҳимияти  рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини  робитаи доимии доираҳои соҳибкорию тиҷоратии  ду давлат ва иҷрои қарорҳои Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими равобити судманди дуҷониба байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистону Беларус таъкид гардид.

Тарафҳо ҳамчунин ба дигар мавзуъҳои муҳими марбут ба ҳамкории байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала