Шойгу гуфт, бахшида ба 75-солагии Ғалаба маъбади бузурги низомӣ сохта мешавад

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия дар ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ аз бунёди маъбади бузурги низомӣ барои гиромидошти иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Шойгу гуфт, дар назар аст, ки силсилаи сурату наворҳои иштирокдорони ҶБВ дар маъбади бузург таҳия шавад ва аз вазирони мудофиаи ИДМ хост, дар ҷамъоварии сурату тарҷумаи ҳоли мухтасари иштирокдорони ҶБВ мусоидат кунанд.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди Кремл ба таҷлили якҷояи Ғалаба ва даъвати Мирзиёев ба ҳамгироии бештар

Шойгу иттилоъ додааст, ки маъбади бузурги қувваҳои мусаллаҳ бахши мултимедӣ дошта, бо маблағҳои хайрия бунёд мегардад.

“Мехоҳам ба маълумоти шумо расонам, ки бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ, дар боғи “Патриот”, маъбади асосии низомӣ бунёд мегардад. Ин иншоот аз ҳисоби маблағҳои хайрия сохта шуда истодааст. Ин маъбади бузург як маркази таълимӣ-методӣ, маърифатӣ ва руҳонӣ хоҳад буд, ки дар он муосиртарин технология ва дастгоҳҳо истифода хоҳанд шуд”, -  изҳор дошт Шойгу.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи Рустам Эмомалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалаба

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Узбакистон иштирок дорад.

Мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории ҳарбӣ,  низоми назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ,  биологӣ ва таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба аз мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиш мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала