Соҳибкорони чинӣ “Аълочии маорифи Тоҷикистон” шуданд

© сомонаи Вазорати маорифи ТоҷикистонНуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон ба кормандони "ТВЕА" нишони "Аълочии маориф" дод
Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон ба кормандони ТВЕА нишони Аълочии маориф дод - Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, кормандони ширкати “ТВЕА”-и Чин, аз ҷумла мудири онро бо нишони Аълочии маориф ва илм қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, Нуриддин Саид ба мудири ширкати “ТВЕА”, Чжан Син ва се корманди дигари он  -  Ли Биан Чю, Ван Джан, Чжао Ванг Шен нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон” супорид.

Переговоры Рустам Эмомали с представителями китайской компании ТВЕА - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати чинии ТВЕА дар шаҳри Душанбе мактаб месозад

Дар маросими супоридани нишонҳои мазкур вазири маориф изҳор доштааст, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкати  “ТВЕА” дар Тоҷикистон то имрӯз муассисаи таълимии зиёд бунёд кардааст.

Нуриддин Саид аз муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат ва мактаби №59 барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Рӯдакӣ  зикр кардааст, ки аз ҷониби “ТВЕА” сохта шудаанд.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Қоҳир Расулзода дар Чин бо раиси ТВЕА мулоқот дошт

“Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара пурра ба анҷом расид. Илова бар ин, лоиҳакашии сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 барои 1200 ҷойи нишаст дар ноҳияи Файзобод ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат идома дошта, корҳои сохтмонӣ соли равон оғоз мегарданд”, - изҳор доштааст вазири маорифи Тоҷикистон.

Ширкати “ТВЕА” аз татбиқкунандагони лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон буда, маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷониби ин ширкат бунёд гардида буд. Ширкати мазкур дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият дошта, иҷозатномаи коркарди конҳои кишварро дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала