Парвандаи қаллобӣ алайҳи мақомдори Кумитаи замин дар Суғд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, Азаматов Ориф мақомдори Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ожонс,  Азаматов бо истифода аз мақоми хидматияш аз шаҳрванд Бобоҷонов Азим барои ба номи ҳамсараш - Бобоҷонова Бималоҳат ҷудо намудани 0,30 га замин дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи мазкур 10 ҳазор доллар талаб намудааст.

Манбаъ афзуд, ки Азаматов давоми солҳои 2015-2018 дар чор маврид аз корафтода, ҷамъ ба маблағи 8500 доллари ИМА ва 70000 рубли русиро гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст.

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳолати мазкур  нисбати Азаматов бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0