Орумбекзода: Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон марҳилаи нави ҳамкорист

© Sputnik / Амир Исаевминистр культуры РТ Орумбекзода, архифное фото
министр культуры РТ Орумбекзода, архифное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон намоиши асарҳои ҳунарҳои дастӣ, санъати тасвирӣ ва нигораҳои осорхонавӣ таҳти унвони “Туркманистон-қалби Роҳи бузурги абрешим” ифтитоҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов  рӯзи 15 октябри соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои ҳунарҳои дастӣ, санъати тасвирӣ ва нигораҳои осорхонавро ифтитоҳ намуданд, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Туркменские девушки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

“Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ҳар ду сол як маротиба баргузор мегарданд ва барои муарифии фарҳангу санъати кишварҳо ва устувории дӯстии байни мардумон аҳамияти хоса доранд”, - гафт зимни суханрониаш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода.

Дар ҳамин ҳол, Атагелдӣ Шамурадов, вазири фарҳанги Туркманистон дар бораи таърихи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, суханронӣ кард.

Вай аз ҳукумати Тоҷикистон ва ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода барои пазироии самими меҳмонони туркман ва ташкили Намоишгоҳи “Туркманистон-қалби Роҳи бузурги абрешим” изҳори сипос намуд. 

Сипас меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуданд. Намоиши мазкур мардуми тоҷикро бо санъати дӯзандагӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, заргарӣ, гилембофӣ, либосҳои миллӣ, санъати тасвирӣ ва осори ҳунарҳои мардумии халқи туркман, ки дар дигар рукнҳои ҳаёт инъикос меёбанд, ошно сохт. 

На овощебазе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи молиёт

Сипас дар толори Осорхона муаррифии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов “Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим” баргузор гардид, ки дар он олимону нависандагон ва аъзоёни анҷумани дӯстии Туркманистону Тоҷикистон иштирок намуданд.

Илова ба ин, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамурадов, ки роҳбарии ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар самтҳои мухталифи санъат ва фарҳанг гуфтугӯ намуданд. 

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон марҳилаи нави ҳамкориҳоро оғоз менамояд ва минбаъд ҳамкориҳо зичтар мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0