Шарҳи расмии нохушӣ дар марз: фармондеҳ ҳалоку сарбоз бистарӣ шудааст

© Sputnik Рубен ГарсияНа таджикско-афганской границе, Пяндж
На таджикско-афганской границе, Пяндж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, капитан Суҳроб Қосимов ҳангоми адои хидмат дар минтақаи сарҳадии Ҳамадонӣ ба дарё афтида, ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тавре Муҳаммад Улуғхӯҷаев, сухангӯи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳодиса 13 октябр ҳангоми назорати минтақаи наздисарҳадӣ рух додааст.

Ба гуфтаи Улуғхӯҷаев, капитан Суҳроб Қосимов лағжида ба об афтидааст.

Лаҳзаи афтидани Фахриддин Собиров, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз дурбини Шаҳри бехатар - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Собиров ва шарҳи ВКД: ҳамла набуд, ӯ афтидааст (ВИДЕО)

Ӯ афзуд, сарбоз Худойдод Худойдодов, ки ҳамроҳи фармондеҳаш будааст, барои наҷот худро ба дарё андохтааст.

“Аммо азбаски суръати об тезу ҳарораташ хунук будааст, марзбон натавонистааст фармондеҳашро наҷот диҳад ва ҳангоме, ки ӯро берун овардааст, Қосимов аллакай ҷон додааст. Марзбонони дигар низ ба кӯмак расидаанд, аммо натавонистаанд, капитанро наҷот диҳанд”, - изҳор дошт

Ӯ афзуд, ки аз дар пайи ин ҳодиса вазъи саломатии марзбон Худойдодов низ ваҳим шуда, ӯ дар беморхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ бистарӣ гардидааст. Ба гуфтаи Улуғхӯҷаев феълан вазъи саломатии марзбон рӯй ба беҳбудӣ оварда, тафтиши хидматии ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0