Даргузашти овозхони номии узбакистонӣ Азиза Ниёзметова

© PixabayЦветок гвоздики, архивное фото
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд ҳамагӣ 46 сол дошт. Ӯ вопасин рӯзҳои зиндагониашро дар ҳалқаи наздиконаш гузаронидааст

ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Азиза Ниёзметова - ҳунарманди машҳури узбакистонӣ даргузашт. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд.

Ниёзметова - зодаи вилояти Хоразми Узбакистон ҳамагӣ 46-сол дошта, вақтҳои охир бо бемории саратон мубориза мебурдааст.

Аз Азиза Ниёзметова  шаш фарзанд ятим мондаанд. Ҳунарманд ду кӯдакашро фарзандхонӣ карда будааст.

Азиза дар Узбакистон ва берун аз он ҳаводорони зиёде дошта, таронаи “Кишмиш”-и ҳунарманд дар соли 1990 ба ӯ шӯҳрат оварда буд.

Ниёзметова 15 октябр вафот кардааст ва имрӯз, 16 октябр дар Тошканд  маросими видоъ бо ҳунарманд баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0