Кор дар мактаби президентӣ ё чигуна омӯзгори рус Тоҷикистонро дӯст дошт

© Sputnik / Амир ИсаевУчительница ведет первоклассников на первый урок в школе №16 города Душанбе, архивное фото
Учительница ведет первоклассников на первый урок в школе №16 города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ирина Сулжина – як омӯзгори рус, ки барои тадриси хонандагон ба Тоҷикистон рафтааст, қоил мешавад, ки Тоҷикистонро дӯст доштааст. Ӯ мегӯяд, тариқи мардуми Тоҷикистон ин кишварро шинохт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik, Рубен Гарсия. Омӯзгори забони русӣ Ирина Сулжина аллакай соли дуюм аст, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба толибилмони тоҷик дарс мегӯяд.

Вай аз  соли 2017 ба Тоҷикстон рафта, дар Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз забон ва адабиёти рус дарс медиҳад. Ӯ мувофиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Русия барои як сол ба Тоҷикистон рафт, аммо қарор дод, ки имсол низ дар кишвар мемонад.

Таҷрибаи нав, вале муфид

Соли гузашта, пас аз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ва қарордодҳои вижа миёни Тоҷикистону Русия, 30 омӯзгори рус барои тарбияи донишомӯзони тоҷик ба Тоҷикистон рафтанд.

Монумент Исмаила Самани, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рязан ба Тоҷикистон омӯзгор мефиристаду маҳсулоти кишоварзӣ мехарад

Ин таҷрибаи нав муфид хонда шуд ва бо ҳамин далел дар соли 2018 шумораи омӯзгорони рус дар  мактабҳои Тоҷикистон ба 60 нафар расид.

Ба гуфтаи Элеанора Митрофанова, роҳбари Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, омӯзгорони рус аз фанҳои гуногун дар Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ дарс мегӯянд.

Ирина Владимимровна Сулжина, муаллимаи забон ва адабиёти рус дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон  аз таҷрибаи худ дар мактаби тоҷикӣ  нақл кард.

Кӯдакон бад намешаванд

Ба ин омӯзгори рус  муяссар шуд, ки ҳавои хунуки Кемероваро ба гармии Душанбе иваз кунад. Вай соли дуюм аст, ки дар яке аз мактабҳои пойтахт дарс мегӯяд.

Ба гуфтаи Сулжина, дар аввали фаъолият аз боду ҳавои  ноошно, шахсони тамоман бегона ва мактаби нав каме дар ҳаяҷон буд. Аммо ба зуддӣ ҳамааш тағйир ёфт, муаллима миёни хонандагон ва омӯзгорон унс гирифт.

“Имсол пурра ба шаҳр одат кардам. Аллакай ҳама дар мактаб бо ному насабам муроҷиат мекунанд. Ман ҳамаи кӯдаконро намешиносам, аммо онҳо бисёр боадобона саломам медиҳанд, ин бароям хело хушоянд аст”, - мегӯяд омӯзгор.

Учительница из России Патимат Сагидова рассказала о методах преподавания в гимназии Низами - Sputnik Тоҷикистон
Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад

Аз моҳи сентябр Ирина соати дарсиашро зиёд кард.  Акнун ӯ дар синфҳои 5,6 ва 11 дарс мегӯяд. Илова кардани миқдори соатҳои дарсӣ ба хотири зиёд кардани маош не, балки  ба хотири донишомӯзии мактаббачагони тоҷик буд. 

Ӯ роҳбари синф ҳам ҳаст.

“Ман роҳбари синфи 10-ум ҳастам. Талабаҳоям ҷавонони қадбаланду духтарони зебову қадрасанд. Хонандагони синфи 5-ум бошанд,  хело писандам омаданд. Хушахлоқ ва шавқоваранд, онҳо шогирдони русамро ба ёд меоранд”, - афзуд вай.

Ба гуфтаи омӯзгори рус, миёни кӯдакони русу тоҷик тафовути ҷиддие дида намешавад. Ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар он ҷо, талабаҳои донову хушахлоқ, фаъол ё танбалро мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо касе худ аз худ бад намешавад.

“Кӯдакон бад намешаванд, танҳо омӯзгорон ва ё волидайни кӯдакон гуногунанд, ки бархе аз онҳо муносибати дуруст карда наметавонанд”, - тавзеҳ дод Ирина.

Таджикские школьники на уроке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна омӯзгор аз Русия дили талабаҳои шаҳри Хоруғро ба даст овард

Ягона чизе, ки кӯдакони тоҷикро фарқ мекунонад - ин эҳтироми онҳо ба калонсолон ва диндории аксарияти онҳо мебошад.

Ошиқи Тоҷикистон

Агар дар солҳои 1990-2000 дар Русия ва Тоҷикистон байни хатмкунандагони мактабҳои миёна  ихтисосҳои иқтисодӣ, менеҷмент, ҳуқуқшиносӣ ва ё табибӣ маъруф буданд,  феълан хонандагон ба фанҳои гуманитарӣ ва эҷодӣ шавқу рағбати зиёдтар доранд.

Ба гуфтаи Ирина Сулжина, мактаббачагон ба соҳаҳои реклама, тарроҳӣ, забондонӣ ва лингвистика рӯ овардаанд.

 Омӯзгор чунин нақшаҳо дорад:  синфҳои 5-умро ба гӯш кардан ва шунидани дуруст роҳнамоӣ мекунад. Дар ҳолати хонандагони синфҳои болоӣ бошад, бояд  сатҳи фикрронӣ ва мантиқии ҷавононро равнақ бахшид.

Сулжина дар вақтҳои холигиаш кӯчаҳо Душанбе гаштугузор мекунад ва ё ҳамроҳи коргарони тоҷикаш ба театр ва ё кино меравад.

Барои Ирина беҳтарин фароғат ин сӯҳбат бо мардум аст. Вай суханҳои як корманди давлатиро хуб дар ёд гирифтааст: кишвареро, ки дар он кор мекунӣ, бояд дӯст дошт...

“Маро доим ашхоси барҷаста ба ваҷд меоранд. Тоҷикон ба русҳо зиёд монанданд: хайрхоҳ, пуртоқат, мустақил ва баъзан эҳсосӣ низ мебошанд. Кишварро тариқи мардумаш дарк кардам. Ба воситаи мардум фаҳмидам, ки ман Тоҷикистонро дӯст медорам”, - иқрор мешавад омӯзгори рус.   

Лентаи хабарҳо
0