Роҳбандии якмоҳа дар Душанбе: пули назди автовокзал то моҳи ноябр баста мешавад

© SputnikРухнувший мост в районе Рудаки, соединяющий столицу с югом
Рухнувший мост в районе Рудаки, соединяющий столицу с югом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи масъулин, дар пули назди автовакзали кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе то моҳи ноябр корҳои тармиму таъмир идома хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тавре шаҳрдории Душанбе хабар додааст, дар пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз болои пули мошингарди кӯчаи Ғуломов муваққатан қатъ мешавад.

 Роҳбандӣ дар ин қитъаи роҳ аз имрӯз, 16 октябр оғоз ёфта, то 10 ноябр идома хоҳад кард.

"Бинобар гузаронидани корҳои таъмиру навсозии пули мошингарди кӯчаи А.Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (Автовокзал), шурӯъ аз имрӯз, 16 октябр то 10 ноябри соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз болои пули мазкур қатъ мегардад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои микроавтобусҳои рақамҳои 10,12,19,35 ва 53 тавассути кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев ва Раҳимӣ ба роҳ монда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0