Захира кунед: рӯйхати нави кӯчаҳои Душанбе, ки як рӯз беоб мемонанд

© PixabayВодопроводный кран
Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои Душанбе интиқоли об аз 17-уми октябр то 18-уми октябр қатъ мешавад. Мақомоти шаҳр аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки об захира кунанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳалҳои Душанбе бо далели гузаронидани корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обтозакунии "Фишорӣ", "Худҷореъ", "Ҷанубӣ—Ғарбӣ" ва "Кофарниҳон" интиқоли об ба мӯҳлати якшабонарӯз қатъ мешавад, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, аз соати 23:00-и 17 октябр то соати 24:00-и 18 октябр интиқоли об дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сариосиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и  ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои  10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами  ноҳияи Сино ва  дар ноҳияи Фирдавсӣ дар  кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе  интиқоли об қатъ мешавад.

Мақомоти Душанбе аз сокинон хоҳиш намудаанд, ки об захира намоянд.

Ҳамчунин масъулин вазифадор гаштаанд, ки дар ин рӯзҳо сокинонро ба воситаи мошинҳои обкаш бо об таъмин кунанд.

Лентаи хабарҳо
0