Пантелеев: ояндаи ширкати “Тоҷик Эйр” аз тасмими ҳукумат вобаста аст

Обуна шудан
НовостиTelegram
Олег Пантелеев, директори иҷроияи ожонсии “АвиаПорт”-и Русия дурнамо ва рушд ширкати баъд “Тоҷик Эйр”-ро дар дар ҳолати хусусигардидани ширкат пешбинӣ мекунад

Дар ҳоли ҳозир 100 дарсади саҳмияҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар дасти давлат қарор дорад. Ахиран ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки саҳмияҳои ширктро ба фуруш мегузорад.

Ҳамин тавр, ҳукумат кӯшиш дорад ширктро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад.

Аммо коршинос Олег Пантелеев, бар он аст, ки  хусусигардонӣ на ҳамавақт роҳи наҷот аст. 

Пантелеев: судьба авиакомпании "Таджик Эйр" зависит от решения правительства

Ба гуфтаи вай, муҳим онаст, ки баъди хусуси шудани ширкат ҳукумат чи имтиёз медиҳад.

“Агар ҳукумати Тоҷикистон хоҳад аз бори сангин халос шавад, вай бояд ба сармоягузор маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ накунад, аммо агар ҳукумат барои рушди тиҷорат манфиатдор бошад, метавонад дар назди сармоягузор шарташро гузорад ”, - тавзеҳ дод Пантелеев ба Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос таъкид намуд, ки барои молик муҳим он аст, ки ӯ аз сармоягузор чиро интизор аст: Оё ҳукумат дар фикри ҳамлу нақлу мусофирон аст ё нақша дорад аз ҳисоби хусусигардонӣ мушкилоти молии худро ҳал намояд.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарор бо имзои Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷик Эйр” дастгирӣ ва навсозӣ мешавад

“Дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки ширкатҳо хусусӣ шуданду сармоягузор бо муваффақият порки ҳавопаймоҳоро иваз намуда сиёсати тиҷорӣ ва маркетинги ширкатро тағйир доданд. Гоҳе моликони нав барои беҳинасозии касбукор ва коҳиши ҳазинаҳо бахшҳои зиёноварро мебанданд ва коргаронро ихроҷ мекунанд. Кадоме аз харидорон шояд потенсиали рушди ширкатро пайдо кунад ва шумори кормандону муздашонро бештар кунад ва ҳавопаймоҳои нав харида парвозҳоро бештар кунад”,- гуфт Пантелеев.   

Лентаи хабарҳо
0