Талаби 17 ҳазору 500 сомонӣ пора аз ҷониби се мутахассис дар Душанбе ҳангоми фурӯши замин

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисони корхонаи фаръии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" барои тайёр намудани қарори истифодаи замин аз як сокини Душанбе бештар аз 17 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Аз як сокини шаҳри Душанбе барои омода кардани қарори истифодаи замин 17 ҳазору 500 сомонӣ пора талаб кардаанд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ 3 мутахассиси корхонаи фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”-ро ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир кардаанд.

"Номбурдагон, рӯзи 13-уми октябри соли 2018, барои тайёр намудани қарори истифодаи замин, шиносномаи техникӣ ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе, ба сифати пора 17 ҳазору 500-сомонӣ гирифта ба охирон зарари моддӣ расонидаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нисбати онҳо  Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0