Суди Олӣ дар бораи Абдусамадов ва шариконаш: чигуна 3 сайёҳ дар Данғара зинда монданд?

© AP / Zuly RahmatovaВелосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года
Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи нашри хабарҳо, ки Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ҳамла ба сайёҳон дар Данғара аз амалаш пушаймон нашудаасту ин корро фармоиши аъзои “ДОИШ” хондааст, як иттилоияи расмӣ нашр намуд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар  иттилоияи расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” аз қавли Суди олии Тоҷикистон нашр намудааст, иттилоъ дода шудааст, ки Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Абдусамадов Ҳусейн ва 15 нафари дигарро оғоз кардааст.

Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур террор дар Данғараро кори наҳзатиҳо хонд: ҳам ҳиҷолати сахт ва ҳам ҳушдор шуд

Манбаъ иттилоъ додааст, ки тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, узви ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом соли 2004 таълимоти ифротгаронаи равияи динии “Салафия”-ро омӯхта, солҳои 2016 — 2017 дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии “Давлати исломӣ” дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои қонунии ин кишварҳо фаъолона иштирок намудааст.

“Абдусамадов бо ҳамроҳии шаҳрвандон Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери парчами “Давлати исломӣ”  рӯзи 29 июли соли 2018 бо мақсади дарёфт кардани сайёҳони хориҷӣ ва ба қатл расонидани онҳо ва бо ин роҳ паст задани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Душанбе ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, ҳуҷум намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тафтишоти ҳамлаи Данғараро ба анҷом расонд

Манбаъ афзудааст, ки гурӯҳи ҷиноятпеша аввал бо мошини худ тамғаи “ДЭУ Леганзе”,  сайёҳони хориҷӣ Геогхеган Л.А.М., Аустин Ҷ., Вокке Р.В., Хуммел М. ва Дименд М.К-ро зер карда, сипас бо кордҳо ва табар ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон зарбаҳои марговар заданд.

Дар натиҷа 4 нафарашон ба ҳалокат расида, Дименд М.К. ҷароҳати вазнин ба саломатӣ бардошта, бо ҳамроҳии Постма К.И., ки ҳуҷуми ҷинояткоронро мушоҳида карда, дар канори роҳ пинҳон гардида буд, ҷон ба саломат бурдаанд.  Сайёҳи дигари ин гуруҳ Казабат Г.Ж., ки аз ҳамсафарони худ ақиб мондааст, зинда мондааст.

Дар иттилоия таъкид шудааст, ки Абдусамадов аз 29 сентябри соли 2015 то лаҳзаи дастгир гаштанаш, яъне 30 июли соли 2018 дар ҳайати ташкилоти террористии мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом фаъолият доштааст.

Нашри ин иттилоия ва таъкид ба даст доштани созмони мамнӯи  “ҲНИ” дар ҳамла ба сайёҳон дар Данғара дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо иттилоъ доданд, ки Абдусамадов дар мурофиаи додгоҳӣ “ДОИШ” – ро фармоишгари ҳамла хондааст.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёди дабири кулли СММ аз террор дар Данғара: чӣ кунем, ки террористон ба мақсад нарасанд?

Додгоҳи олӣ инчунин номи муттаҳамони дигари ин қазияро низ нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ мақомоти тафтишотӣ алайҳи муттаҳамони дигар - Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич ва Сафоев Беҳрӯз Маҳмадиллоевич бо моддаҳои 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил), 3072 қисми 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷиноятӣ, ба Беҳрӯзи Саймурод, Ғанизода Қурбонбек Мирзомидин, Давлатов Абдулмумин Чилаевич, Давлатов Фаррух Абдулмуъминович, Қурбонов Қиёмиддин Ятимович, Салоҳидинов Бахтовар Маҳмадисуфович, Солеҳов Мансур Шодихонович, Холмуродзода Саъдулло Файзулло, Юсуфзода Шоҳин Давлатбек, Юсуфов Фирдавсӣ Давлатбегович, Ҳайдарова Баҳринисо Раҷабалиевна ва Қаландаров Маҳмадулло Ҳабибуллоевич бо моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) Кодекси ҷиноятӣ айб эълон намудааст.

Мурофиаи шаҳрвандони зикршуда феълан дар Додгоҳи Олӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0