Ба суди ҳарду: пешнҳод аз Русия ва Тоҷикистон дар мавриди авфи муҳоҷирон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСемья мигрантов из Таджикистана, архивное фото
Семья мигрантов из Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов қайд кард, ки бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ солҳост, ки дар Русия будубош мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Агар Русия муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистонро афв кунад, пас муҳиҷирон имконият пайдо мекунанд, ки будубоши худро дар ҳудуди кишвар қонунӣ кунанд, мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

"Мо доим аз Русия дархост мекунем, ки ба ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик имконият дода шавад, то дар муддати муайян будубоши худро қонунӣ созанд. Ҳарос аз ихроҷшавӣ дар ин роҳ ба онҳо монеа шудааст", - гуфт Сатторов дар рафти нишасти мизи мудаввар дар Шӯрои Федератсия дар ҳошияи форуми "Русия - Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ".

Шодимурод Азизкулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”

Ба гуфтаи вай, бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ солҳост, ки дар Русия будубош мекунанд.

"Агар раванди афв амалӣ карда шавад, пас фикр мекунам, шумораи зиёди шаҳрвандони мо, махсусан дар ҳудуди Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург будубоши худро қонунӣ мекунанд ва мо ҳам шумораи дақиқи шаҳрвандони худро дар Русия муайян мекунем", - афзуд сафир.

Ёдрас мешавем, пештар дар соли 2017 низ Русия муҳоҷирони тоҷикро афв карда буд. 122 ҳазор шаҳварди Тоҷикистон дар ин раванд авф шуда буданд.

Пештар раиси Шӯрои иҷтимоии назди ВУД Русия Анатолий Кучерна низ пешниҳод карда буд, ки Русия муҳоҷирони ғайриқонуниро авф кунад.

"Агар муҳоҷирон будубоши худро қонунӣ кунанд, онҳо аз фаъолияти худ ба буҷаи Русия боҷ мсупоранд, ки ин ба суди Русия аст. Хориҷ кардани муҳоҷироне, ки даҳсолаҳо дар Русия бо хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд, аз рӯи инсоф нест", - гуфтааст вай.

Лентаи хабарҳо
0