Николай Карачентсов даргузашт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАктер Николай Караченцов, архивное фото
Актер Николай Караченцов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарпешаи машҳури кинематографи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия як рӯз пеш аз зодрӯзаш дар Маскав даргузашт.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар пойтахти Русия ҳунарпешаи машҳур Николай Карачентсов даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Николай Карачентсев, як рӯз пеш аз зодрӯзаш даргузшт. Вай бояд фардо 74-солагиашро ҷашн мегирифт.

​“Бале, мо хабари даргузашти ҳунарпешаро тайид мекунем. Вай дар беморхонаи рақами 62 шаҳри Маскав соати тақрибан 9 аз олам чашм пушид”, - хабар додааст писари ҳунарпеша Андрей Карачентсов.

Маросими видоъ бо ҳунарпешаи машҳури киноматографи Русия дар театри “Ленком” баргузор мегардад.

Николай Карачентсов, 27 октябри соли 1944 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Вай дорои унвони ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ  мебошад.

​Николай Карачентсев, дар филмҳо ва театр нақш бозӣ мекард. Инчунин вай овозхонӣ мекарду филмҳои тасвири ва ҳунариро овоз медод (аз ҷумла дар филмҳо Жан –Пол Белмандо бо садои Карачентсов ҳарф мезад).

Аввалин филме, ки Карачентсов дар он нақш офаридааст дар соли 1967 ба навор гирифта шудааст.       

Лентаи хабарҳо
0