Ишораи Президент ба ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Бадахшон барои ҳифзи Тоҷикистон аз хатарҳои хориҷӣ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар отряди сарҳадии Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Савганди “роҳбарони ҷиноӣ” дар ВМКБ барои канорагирӣ аз ҷинояткорӣ ва сафари 4 нафарашон ба Душанбе дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳо алайҳи таҳдидҳои хориҷӣ ишора кард

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Рӯзи 27 октябр иттилоъ дода шуд, ки Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов ба Душанбе сафар кардаанд, то бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунанд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо истиқбол аз ин иқдом муҳим хонданд, ки дар Тоҷикистон ҳангоми танишҳо ҳамеша  ба суҳбати ҷонибҳо нисбати зӯрию истифодаи силоҳ бартарият дода шавад.

Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон
Президент Айёмбеков, Мамадасламов, Шанбиев ва Раҷабовро қабул намекунад?

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Бадахшон алайҳи хатарҳои хориҷие, ки ба марзи кишвар аз ҷониби Афғонистон наздик омадаанд, таъкид кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони ВМКБ баробари интиқод аз вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят ва бефаъолиятии мақомот, таъкид намуд, ки ба ҷои корҳои дур аз ақли инсонӣ бояд алайҳи хатари ҷангҷӯёни мусаллаҳ, ки ба наздикии марзи Бадахшони Тоҷикистон расидаанд,  ҳамкорӣ  кард.

Эмомалӣ Раҳмон, дар хитоб ба сокинони ВМКБ, ки қисми зиёдашон шиаи исмоилия мебошанд, таъкид намуд, ҷангҳое, ки дар дунё рафта истодаанд, ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд.

"Ина Вардуҷ, рӯ ба рӯи Ишкошим. Ина ба Дарвоз омаданд, рӯбарӯи мо ва шумо", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ки бо наздикшавии ҷангиён ба Бадахшон, гуруҳҳои ҷиноятӣ дар ВМКБ ба даводав даромадаанд, ки чӣ кор мешуда бошад.

Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми генерал – майори воломақоми тоҷик барои пора, пулшӯйӣ ва нашъаҷаллобӣ

"Ба ҷои ҳамкорӣ бо марзбонон ва мустаҳкам кардани марзу таъмини амнияти мардуму давлат, баъзан амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд", — афзуд ӯ.

Дар пайи он суҳбату интиқодҳои раисиҷумҳур, Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев, ки мақомот аз онҳо роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ дар ВМКБ ном мебаранд, ахиран бо имзои як санад изҳор доштаанд, ки дар доираи қонун фаъолият хоҳанд кард.

Рӯзи 27 октябр иттилоъ дода шуд, ки Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов ба Душанбе сафар кардаанд, то бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунанд.

Аммо дар ҷавобияи нашркардаи “Ховар” ба ин иттилоъ, таъкид шудааст, ки “гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ягон кас қабул надорад ва намепазирад”.

Дар хулосаи матлаби нашркардаи хабаргузории давлатӣ таъкид шудааст, “гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон” хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд.

“Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус  оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз ҳудуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва  барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндагӣ доранд, раванд”, - омадааст дар ҷавобияи нашркардаи “Ховар”.

Лентаи хабарҳо
0