Хоҳишҳои Аврупо аз Тоҷикистон дар бораи Ёров, сайтҳо ва банди нав дар Кодекси ҷиноӣ

CC BY 2.0 / Yuri Samoilov / System LockЗапрещенный доступ
Запрещенный доступ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳоди Аврупо дар муколама бо Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон, сайтбандӣ, иловаи як банди нав ба Кодекси ҷиноӣ, мулоқоти сафирони ИА бо Бузургмеҳр Ёровро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муколама 26 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Борис Ярошевич ва ҷониби Тоҷикистонро  Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур роҳбарӣ мекардааст. Тибқи иттилоияи Иттиҳоди Аврупо, ки дар пайи анҷоми 10-умин муколама бо Тоҷикистон нашр шуд, ҷониби Аврупо бо зикри пешравиҳо ба камбудиҳои ҷойдошта низ таъкид намудааст.

Хайрулло Мирсаидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хайрулло Мирсаидов аз зиндон озод шуд

Ба иттилои манбаъ мавзуъҳое, ки мояи нигаронии Иттиҳоди Аврупо шудаанд, “ҳабси дарозмуддати мухолифини сиёсӣ, таъқиби аъзои оилаҳои онҳо ва ҳуқуқшиносоне мебошад, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунанд”.  

Ҷониби Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, парвандаи Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба зиндон бозбинӣ шавад.

“Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон дархост намудааст, ки ба сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупои муқими шаҳри Душанбе иҷозат ва мусоидат карда шавад, ки бо Ёров дар ҳабсхона вохӯрӣ гузаронанд”, - омадааст дар иттилоия.

Иттиҳоди Аврупо аз иқдоми Тоҷикистон барои баробарии гендерӣ дар кишвар истиқбол карда, пешниҳод намудааст, ки  барои зӯроварии хонаводагӣ ҳарчӣ зудтар ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шуд шавад.

“Зӯроварии хонагӣ дар Кодекси ҷиноӣ чун ҷинояти алоҳида дониста шавад”, - пешниҳод намудааст Аврупо.

Шӯҳрат Қудратов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазо поён ёфт: Шуҳрат Қудратов озод шуд

Аз Тоҷикистон даъват шудааст, ки нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таҳияи қонунҳо зиёдтар ҷалб гарданд.

Сайтбандӣ мавзӯи дигаре будааст, ки тибқи иттилоияи Иттиҳоди Аврупо зимни муколома бо Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба хотима додан ба таҷрибаи бастани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудааст.

Иттиҳоди Аврупо изҳор доштааст, ки бо Тоҷикистон дар мавриди афзалияти таъмини амну суботи кишвар пурра ҳамфикр мебошад ва дар баробари ин муътақид аст, ки суботи дохилӣ ва дастрасии озод ба иттилоот метавонанд якдигарро мукаммал созанд.

Лентаи хабарҳо
0