Аз Сингапур то Муғулистон: занони футболбоз ба Ҳисор меоянд

© SputnikЛучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии
Лучшие моменты женской сборной Таджикистана по футболу в отборочном туре кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, 4-уми ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” шуруъ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар мусобиқа, ки то 13 ноябр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Филиппин, Тайпейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат мекунанд.

Мубин Эргашев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кореяи Ҷанубӣ Тоҷикистонро аз роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон -2019 маҳрум кард (ВИДЕО)

Дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, 16 даста ба майдон мебароянд, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи “В” дастаҳои бонувони Эрон, Ҳонг Конг, Лубнон ворид гардидаанд, гурӯҳи “С” аз тимҳои Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва гурӯҳи “D” аз дастаҳои Урдун Индонезия, Фаластин ва Малдив таркиб ёфтаанд.

Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал 10 даста – ғолибону барандаҳои ҷои дуюм ва ҳамчунин ду дастаи дорои ҷои сеюм, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Узбакистон ва Ветнам мепайванданд.

Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.

Кумитаи миллии олимпӣ ҷадвали бозиҳои марҳилаи аввали интихобӣ дар гурӯҳи “А” - ро чунин пешниҳод кардааст:

Даври 1-ум

4 ноябр (якшанбе)

13:00. Сингапур – Филиппин

16:00. Муғулистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм

6 ноябр (сешанбе)

13:00. Муғулистон – Сингапур

16:00. Тоҷикистон – Тайпэйи Чин

Даври 3-юм

8 ноябр (панҷшанбе)

13:00. Тайпэйи Чин – Муғулистон

16:00. Филиппин – Тоҷикистон

Даври 4-ум

11 ноябр (якшанбе)

13:00. Филиппин – Муғулистон

16:00. Сингапур – Тайпэйи Чин

Даври 5-ум

13 ноябр (сешанбе)

13:00. Тайпэйи Чин – Филиппин

16:00. Тоҷикистон – Сингапур

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала