Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавлиди маҳсулотро зиёд намуданд

© © Sputnik / Амир ИсаевТаджикский металлургический комбинат ФАРОЗ , архивное фото
Таджикский металлургический комбинат ФАРОЗ , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон ба арзиши беш 470 миллион доллар маҳсулот тавлид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 11,3 дарсад зиёд будааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.   Корхонаҳои соҳаи саноатии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон ба арзиши 4,45 миллиард сомонӣ ё беш аз 470 миллион доллар маҳсулот тавлид кардаанд, иттилоъ додааст Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, бо дарназардошти иқдидорҳои мавҷуда ва ба кор даромадани корхонаҳои мавсимӣ ва бозистода тибқи чашмдошт корхонаҳои соҳаи маъдан тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ корхонаҳои соҳаро ба 5,9 млрд. сомонӣ (626,2 миллион доллар) расонанд.

Қатор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон – воридот коҳиш ёфта ва содирот афзудааст

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки дар  9 моҳи соли равон рушди тавлиди маҳсулот дар ин соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 дарсад, ё 452,9 миллион сомонӣ (48 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Дар маҷмӯъ дар моҳҳои январ-сентябр фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа - 4,09 млрд. сомонӣ, аз он ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 2,93 . сомонӣ ё  311,79 млн доллари, ки суърати афзоиш нисбати соли 2017 ба ҳисоби миёна 120 дарсадро ташкил намуд. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки ба ҳисоби умумӣ 100 дарсади маҳсулоти фулузоти қиматбаҳо  дар ҳудуди ҷумҳурӣ фурӯхта шудааст. "Бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи металлҳои қиматбаҳои мамлакат байни корхонанҳои соҳа ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки милли Тоҷикистон  шартномаи ҳамкори барои соли 2018 ба имзо расонида шудааст", -афзудааст манбаъ.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала