Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба Чин мебаранд

© Пресс-служба Президента УзбекистанаТаджикские товары на выставке в Республике Узбекистан
Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷоратии байнулмилалӣ (МТБ) ширкатҳои Тоҷикистонро маблағгузорӣ намудааст, ки дар намоишгоҳи байнулмилалии воридотии Чин (China International Import Expo (CIIE) иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маркази тиҷоратии байнулмилалӣ (МТБ) ширкатҳои Тоҷикистон дар баробари садҳо ширкати дигар аз саросари ҷаҳон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи байнулмилалии воридотии Чин (China International Import Expo (CIIE) мебаранд.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Made in Tajikistan: ширкати корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузург дар Маскав

Бино бар иттилои манбаъ, намоишгоҳи байнулмилали воридотии Чин (CIIE), аз 5-ум то 10-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Шонҳой баргузор мегардад.

Дар он намояндагони ниҳодҳои ҳукуматӣ, доираҳои тиҷоратӣ аз 100 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ, интизор меравад, ки 150 000 нафар аз Чин, дувумин кишвари истеъмолкунанда ва воридоткунандаи ҷаҳон, ва кишварҳои дигар аз ин намоишгоҳ боздид намоянд.

“Аз ин рӯ, намоишгоҳи CIIE барои лидерони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии тоҷик имконияти нодиреро барои шиносоӣ бо бозори чиноӣ ва барқарорсозии тамосҳои тиҷоратӣ бо харидорони чиноӣ фароҳам меорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳайъати Тоҷикистон аз корхонаҳои зерини нассоҷӣ ва дӯзандагӣ иборат аст: “Ваҳдат”, “Файзи Истиқлол-2011”, “ХИМА Текстил”, “Лидер”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”, ва “Спитамен Текстайлз”.

Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд намоишгоҳи байналмилалии тиҷории "Суғд-2018" ифтитоҳ шуд

 Ин ширкатҳо дар Шонҳой маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд, бо харидорони эҳтимолӣ тамос барқарор мекунанд ва ба бозори Чин роҳ меҷӯянд.

МТБ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои консалтингии ҳамкор корхонаҳои интихобшударо барои иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ омода карда, онҳоро бо талаботи бозори Чин шинос мекунад.

Лентаи хабарҳо
0