Зодрӯзи шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона

© Акс аз ФейсбукШоири мардумии Тоҷикистон Фарзона
Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона (Иноят Хоҷаева) 54-сола шуд

ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Имрӯз, 3 ноябр зодрӯзи шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона аст. Бонуи тоҷик 54-сола шуд.

Фарзона (Иноят Юнусовна Хоҷаева) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст.

Зрители слушают ежегодное послание президента РТ к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Гулрухсору Фарзона дар "Ганҷи сухан" Бозор Собиру Лоиқ ва Муъмин Қаноатро ёд карданд

Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" ва маҷаллаи "Хуҷанд" фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи "Паёми Суғд" аст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди "Риштаборон" (1983), "Барги сабз" (1987) ба табъ расидаанд.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш "Тулӯи хандарез" (1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли неке буданашро зиндагӣ собит намуд.

Фазона - народная поэтесса Таджикистанна - Sputnik Тоҷикистон
Шодбош: Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зодрӯзашро таҷлил мекунад

Китоби дувуми сарводааш "Шабохуни барқ" (1989) аст, ки ба арсаи фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ вуруд омадани суханвари соҳибзавқу соҳибқариҳа ва ҳунарманду тавонои дигареро башорат дод. Соли 1991 нашриёти "Советский писатель" (Маскав) Гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш "Двадцать лепестков"-ро ба чоп расонда, шинохту шӯҳраташро дар қаламрави шӯравӣ вусъат бахшид.

Баъдан китоби дигараш "Ояти ишқ" (1994) манзуру мақбули ҳамагон гардид.

Шодихон Ҷамшед ва Абдураҳмон Қодирӣ дар меҳмонии Фарзона - Sputnik Тоҷикистон
Туҳфаҳои Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов ва дар меҳмонии Фарзона

Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори Фарзона "То бекаронаҳо", соли 2000 маҷмӯаи дигараш "Меъроҷи шабнам" ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шудаанд.

Силсилаи шеърҳои Фарзона дар чандин кишварҳо, аз ҷумла, дар ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира "Булбуле дар қафаси синаи ман" соли 2010 дар Финлонд ба забонҳои русию инглисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардидааст.

Шоира, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёкону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад.  Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.

Фарзона дорандаи унвони олии "Шоири халқи Тоҷикистон", Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995) ва ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995) (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) мебошад.

Лентаи хабарҳо
0