Танқидҳо дар телевизиони Тоҷикистон баъди супориши Президент

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНовое дополнительное здание телевидения и радио Согдийской области
Новое дополнительное здание телевидения и радио Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи равон дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон гузоришҳои таҳлилӣ – танқидӣ низ нашр гардиданд

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз зиёд будани барномаҳои таърифӣ дар радио ва телевизионҳои давлатӣ, шабакаи аввали телевизиони кишвар дар барномаи “Ахбор” чанд гузориши таҳлилӣ – танқидиро нашр кард.

Эмомали Рахмон принял участие в открытии нового дополнительного здания телевидения и радио Согда - Sputnik Тоҷикистон
ВИДЕОИ суҳбати ошкорои Раҳмон: аз таърифу сарояндаҳои зиёд то барномаҳо атрофи 1 шахс

Давоми 5 рӯзи гузашта дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Тоҷикистон ҳадди ақал се гузориши таҳлилӣ – танқидӣ нашр гардиданд, ки яке дар бораи кишти нокифояи тирамоҳӣ дар шаҳри Турсунзода таҳия шуда буд. Ба иттилои гузоришгарон бо вуҷуди ҷамъоварии ҳосил ва холӣ будани заминҳо шудгори тирамоҳӣ дар онҳо гузаронда нашудааст.

Гузориши дигар аз партовҳои зиёд дар шаҳри Кӯлоб қисса мекард. Тибқи иттилои гузоришгарон дар пайи саривақт берун набурдани партов дар шаҳри Кӯлоб ғарамҳои зиёди ахлот пайдо шудаанд, ки хилофи меъёрҳои шаҳрдорӣ мебошад.

Масъулини корхонаи хоҷагию коммуналии Кӯлоб бо тасдиқи ҷой доштани ғарами партовҳо дар шаҳр изҳор доштанд, ки ба далели камбуди техника наметавонанд ахлотро пурра ва саривақт аз шаҳр берун бароранд.

Инчунин гузоришгарони “Ахбор” масъалаи ғизои солимро таҳлил карда, суҳбати академик Ғиёсиддин Меҳроҷовро пешниҳод намудаанд.  Академики тоҷик бо таъкиди зарурати истеъмоли дурусти ғизо ва тарзи ҳаёти солим, бо таассуф афзуд, ки гарчанде Тоҷикистон меваҳои шаҳдбор дорад, феълан ба кишвар меваю анвои ғизо аз бархе кишварҳо ворид мегарданд, ки тариқи вайронсозии генетикӣ истеҳсол шудаанд. Ӯ аз ҷумла бархе себҳоеро зикр кард, ки бо вайрон кардани генетикаи дарахт истеҳсол шудаанд. Меҳроҷов зарур хонд, ки таркиби на танҳо мева балки дигар анвои ғизои воридотӣ бояд хуб омӯхта шаванд, то солимии миллат ҳифз гардад.

Фоторецепт: курутоб - король таджикской кухни - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳод ба Ҳукумат: 2019 соли чӣ эълон шавад?

Нашри гузоришҳои таҳлилию танқидӣ дар барномаҳои “Ахбор” дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, аз таърифи зиёд дар радио ва телевизиони давлатӣ интиқод намуда, хостори барномаҳои таҳлилию танқидӣ шуд.

“Дар вақти таҳияи барномаҳо мавзуъҳо бояд рангоранг бошанд. Дар ҷомеаи мо мушкилиҳо хеле зиёд аст. Мавзуъ фақат ба шахсияти як роҳбари давлат намеравад. Самтҳо хеле зиёд ҳастанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур илова намуд, ки фақат таъриф кардан даркор нест.

“Вақте аз ҳад зиёд ба таърифкунӣ роҳ медиҳем, ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Камбудиҳоро мо дидаю дониста чашм мепӯшем. Баръакс камбудиро ошкор карда, роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кардан даркор ва он вақт давлат оҳиста-оҳиста рушду тараққӣ мекунад”, - таъкид намуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0