Дар як сӯхтор дар наздикии шаҳри Петербург ду муҳоҷири тоҷик маҷрӯҳ шуданд

© © МЧС РФСотрудники МЧС РФ тушат пожар в ангаре на заводе "Ростсельмаш" в Ростове-на-Дону, архивное фото
Сотрудники МЧС РФ тушат пожар в ангаре на заводе Ростсельмаш в Ростове-на-Дону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар асари сӯхтор дар як бинои шиномонтаж дар шаҳраки Мурино дар канори шаҳри Санкт-Петербург ду муҳоҷири тоҷикро ба бемористони ноҳияи Токсово бурдаанд. Ҳолати муҳоҷирони тоҷик вазнин мебошад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар вилояти ленингради Русия бар асари сӯхтор дар бинои шиномонтаж ду шанҳрванди Тоҷикистон осеб диданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Алёша Гребешков из Уфы, который спас трудовых мигрантов при пожаре в хостеле - Sputnik Тоҷикистон
Алёшаи 4-сола даҳҳо муҳоҷиронро аз сӯхтор наҷот дод

Пизишкон бемористони ноҳияи Токсово, хабар доданд, ки ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

“Ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Яке аз муҳоҷирони тоҷикро ба далели 27 дарсад сӯхтани баданаш дар бахши бемориҳои сӯхтагии бемористони ноҳияи Токсово ва якеи дигарро дар бахши травматология бистарӣ кардаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, сӯхтор дар бинои шиномонтаж ва мошиншӯӣ дар кӯчаи Вокзалнаяи шаҳраки Мурино, субҳи 9 ноябр, соати 08:23 рух додааст.

Пожар в торговом центре Зимняя вишня в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар Кемерово, бузургтарин дар 100 сол

Масоҳати умумии сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаъ гуфта мешавад.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод , ки баъд аз сӯхторхомушкунӣ дар ошёнаи сеюми бино аз зери харобаҳо ҷасади 4 нафарро пайдо карданд. Шахсияти онҳо то ҳол муайян карда нашудааст.

Инчунин масъулини Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки масъалаи шурӯи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0