Алоқамандии Олмон барои маблағгузории нерӯгоҳҳои барқи обии хурд

© Предоставлено пресс-службой ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Строительная площадка ГЭС, архивное фото
Строительная площадка ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар пешманзари баргузории машваратҳои байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон, ки қарор аст, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, Cафири Тоҷикистон дар Олмон бо намояндаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон ва намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ин кишвар мулоқот намудааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Cоҳибназар Ғайратшо, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон доир ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ Катрин Оллерс ва намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Клаус Тансбергер мулоқот намуд.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо афсарону курсантҳои Вазорати мудофиаиТоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати ошкорои сафири Тоҷикистон дар Русия бо афсарону курсантҳои тоҷик

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

“Зимни мулоқот тарафҳо татбиқи лоиҳаи НБО-и Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро нишонаи таваҷҷӯҳи ҳар ду кишвар барои ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, рушди гидроэнергетика, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиро барои беҳтар шудани некӯаҳволии иҷтимоии мардум ва занҷираи арзишҳои изофавӣ муҳим арзёбӣ намуданд”, - гуфтааст манбаъ.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки Олмон имкони маблағгузории нирӯгоҳҳои барқи обии хурд дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистонро омӯхта истода, дар ин росто ба ҷалби ширкатҳои ватанӣ бартарият хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала