Суғд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба хизмати аскарӣ 93 дарсад иҷро кардааст

Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки то санаи 6 ноябри соли равон 12 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи муайяншударо пурра иҷро намуданд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бо гузашти бештар аз як моҳи даъвату сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи пешбинишуда дар вилояти Суғд беш аз 93 фоиз иҷро гардид, иттилоъ додааст ҳукумати вилояти Суғд. 

Дар ҳоли ҳозир, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвати ҷавонон идома дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки то рӯзҳои наздик нақша пурра иҷро мегардад.  

Ёдрас мешавем, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тибқи фармони Президенти Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ҷараён дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала