Ҷаримаи падари арӯс ва шарҳи додситонӣ: тӯй бояд чигуна гузарад?

CC0 / Pixabay / Букет цветов, архивное фото
Букет цветов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷаримабандии Мумин Қосимов, сокини шаҳри Ҳисор барои нақзи қонуни танзим ҳангоми гузарондани тӯйи духтараш хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси қонунгузории кишвар, "тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад".

Манбаъ таъкид намудааст, ки ин меъёр талаботи моддаи 8-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ба иттилои додситонӣ, Қосимов Мумин рӯзи 1 сентябри соли 2018 ҳангоми тӯйи духтараш - Ёсуман, аз соати 07:00 то 10:00 ба хешу табор ва аҳолии деҳа оши тӯй дода, боз худи ҳамон рӯз аз соати 20:00 то соати 22:00 дар манзили истиқоматиаш барои зиёда аз 50 нафар хешу табораш ғизо омода карда, зиёфат додааст.

Додгоҳ Қосимовро дар нақзи қонуни танзим гунаҳкор дониста, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Лентаи хабарҳо
0