Ҷузъиёти ҳодисаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд мунташир шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенные в исправительной колонии, архивное фото
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи зиёди маҳбусон якбора мусаллаҳ шуда, ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо мехостанд фирор кунанд. Амалиёт бо вуҷуди вақти кам дар сатҳи зарурӣ доир шуд. Агар амалиёт доир намешуд, зиндониёни мусаллаҳ фирор мекарданд ва ин барои амнияти кишвар халал ворид мекард, менависад Кумитаи дин

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар чанде аз расонаҳои расмии Тоҷикистон матлаби  коршинос Парвизи Мирзо зери унвони "Темур Варқӣ ҷинояткоронро ҳимоя мекунад" мунташир шудааст, ки дар он аз ҷузъиёти ҳодисаи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд бозгӯӣ карда мешавад.

Ёдрас мешавем,  ошӯб дар зиндони рақами 3 дар Хуҷанд шаби 7-уми ноябр сар зад ва ин ҳодиса феълан расман тавзеҳ доа нашуда буд. Ҳарчанд намояндагони алоҳидаи мақомот дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон хабарро таъйид мекарданд.

Ба гуфтаи муаллифи мақола - Парвизи Мирзо, ки аз ӯ расонаҳо таҳлилгар ном мебаранд, дар ошӯб, "шумораи зиёди маҳбусон якбора мусаллаҳ шуда, ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо мехостанд фирор кунанд. Амалиёт бо вуҷуди вақти кам дар сатҳи зарурӣ доир шуд. Агар амалиёт доир намешуд, зиндониёни мусаллаҳ фирор мекарданд ва ин барои амнияти кишвар халал ворид мекард".

Муаллиф ҳамчунин барои саркӯб кардани ошӯб аз нерӯҳои ОМОН ва "Алфа" истифода бурдани мақомотро таъйид кардааст.

"Амалиёт ҳаргиз зиддиинсонӣ набуд, зеро он барои пахши ошуби одамони одӣ не, балки шумораи хеле зиёди маҳбусони хатарноку мусаллаҳ доир гардидааст. Чунин ҷинояткоронро, ки ба ҳар амали хатарнок қодиранд, танҳо шартан инсон гуфта мешавад. Дар ҳолате ки ин маҳбусони хатарнок нозирони зиндонро бераҳмона кушта, қасди ба берун баромадан доштаанд, неруи кӣ бояд истифода мешуд? Ғайри   ОМОН ва “Алфа” зури кӣ ба онҳо мерасид?", - менависад вай.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар пайи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд бештар аз 27 нафар, тибқи иттилои баъзе расонаҳо то 43 тан кушта ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Байни кушташудагон ду посбони зиндон низ буданд. Шумораи зиёди ҳалокшудагонро маҳбусон ташкил медиҳанд. Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гӯрӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ҳодисаро бар ӯҳда гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0