На дар ҳама ҷо: шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон кушода шуданд

CC0 / Pixabay / Иконки социальных сетей на экране мобильного телефона, архивное фото
Иконки социальных сетей на экране мобильного телефона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони интернет дар Тоҷикистон аз дастрас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Фейсбуку Ютуб дар пайи ҳамоиши эътирозии 6 ноябр дар шаҳри Хоруғ масдуд шуда, баъди зуҳри 15 ноябр, дар арафаи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” дастрас гардиданд.

Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду паёми Ёдгор Файзов ва парокандашавии ҷамъомадагон дар Хоруғ (ВИДЕО)

Корбарони интернет дар маркази Тоҷикистон мегӯянд, феълан бидуни барномаҳои қулфшикан метавонанд вуруди шабакаҳои иҷтимоӣ шаванд.

Аммо мизоҷони интернет дар ВМКБ, аз ҷумла  сокинони навоҳии Рӯшону Шуғнон ва шаҳри Хоруғ мегӯянд, интернети мобилияшон баъди 6 ноябр пурра қатъ гардида, то ҳол барқарор нашудааст. Сокинони Шуғнону Рӯшон баъди зуҳри 15 ноябр изҳор доштанд, ки аз 6 ноябр инҷониб на танҳо шабакаю сомонаҳои алоҳида, балки интернети мобилиашон пурра қатъ шудааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷкистон далели масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон сабабҳои техникӣ хонд.

Лентаи хабарҳо
0